Дар Душанбе зимни конфронс масъалаи таъмини аҳолӣ бо ғизои солим матраҳ шуд

Июнь 28, 2018 15:34

ДУШАНБЕ, 28.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Беҳсозии вазъи ғизову саломатии аҳли ҷомеа ва пешгирии воридоти маводи пастсифату зиёновар дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сифати ғизо, мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ ва таҳияи модели устувори истеъмолот ва истеҳсолот ба мақомоти дахлдори кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Ин нуктаро муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ дар  конфронси байналмилалии «Пешравиҳои Тоҷикистон дар таъмини устувори аҳолӣ бо ғизои солим», ки имрӯз дар Душанбе бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат доир гардид, баён намуд.

Таъкид шуд, ки  мақомоти давлатӣ муаззаф гардидаанд, ки тибқи қонунгузорӣ муқаррар намудани зарурати йодноккунии намаки истеҳсолшаванда ва воридотӣ, ворид намудани элементҳои иловагии дар таркибашон оҳан ва витамини А ба бастаи хизматрасониҳои асосӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ҷорӣ намудани «Консепсияи ғизо барои мактаббачагон», «Стратегияи амалиёт оид ба беҳтар кардани сифати ғизо», татбиқи Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ, пешгирии норасоии ғизо, мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквориро роҳандозӣ намоянд.

Зикр шуд, ки барои таъмини амният ва бехатарии озуқаворӣ дар кишвар  моҳи декабри соли 2017 Кумитаи бехатарии  озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар доираи Стратегияи милли рушд то солҳои 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат буда, ин ҳадафҳо дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ то солҳои 2030 ҳамчун ҳадафҳои асосии ҷаҳонӣ низ боқӣ мондаанд.

Дар масъалаи таъмини бехатарии  озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи барномавӣ ташаккул додааст, ки он тавассути иҷрои стратегия ва барномаҳо амалӣ мегардад.  Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2011-2020, Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020, Стратегия оид ба дурнамои минбаъдаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023  аз ҳамин қабиланд.

Июнь 28, 2018 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд