Дар Хатлон маводи зиёди доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлатгузашта нобуд карда шуд

Июнь 22, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар партовгоҳи марказии шаҳри Бохтар беш аз 9 ҳазор адад маводи доруворӣ, тиббию  ороишӣ ва гигиение, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 767 номгӯй маводи нобудшуда 502 номгӯй ё 91 ҳазору 814 ададаш дар асоси мактубҳои панҷ ширкати фармасевтӣ барои нобуд кардан ба анбори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон супорида шуд. Аз ҷамъи умумии мавод 265  номгӯй ё 170 ададашро мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷишҳои нақшавӣ аз муомилот бардоштаанд.

Маводи номбаршуда дар партовгоҳи марказии шаҳри Бохтар ба таври сӯзонидан нобуд карда шуд.

Гуфта мешавад, ки нафароне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, аз тарафи Сарраёсат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Ба иттилои манбаъ, мутахассисони Сарраёсат давоми 6 моҳи соли равон 100 санҷиш гузаронида, нисбат ба нафароне, ки қонунро риоя накардаанд, 1400 санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ба суд ирсол намуданд.

Ҳоло дар қаламрави минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 395 дорухонаи тобеи 42 ширкати фармасевтӣ фаъолият доранд.

 

Июнь 22, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад