Дар Хуҷанд доир ба ҳамкории муассисаҳои таълимӣ конфронси байналмилалӣ доир гардид

Июнь 21, 2018 16:51

ХУҶАНД, 21.06.2018. /АМИТ «Ховар»/.    Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмии байналмилалӣ доир гардид.

Дар кори он муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон,  Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус  ширкат намуданд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, меҳмонон аз дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ ва намоиши ҳунарҳои мардумии аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни ин таълимгоҳ омодашуда дидан намуда, бо фаъолияти осорхонаи донишгоҳ, марказҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ  шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар кори конфронс намояндагони 9 донишгоҳ, ҳамзамон 7 донишгоҳ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла, ду донишгоҳ аз шаҳри Тошканд, инчунин донишгоҳҳои Самарқанду Андиҷону Бухоро, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон, инчунин аз Донишгоҳи иқтисод ва савдои Беларус, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, намояндаи Оҷонсии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон ва филиали Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд.

Зимни конфронс иштирокдорон доир ба мақсад, вазифа ва ҳадафи он, омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсил ва ҳамкории байналмилалии донишгоҳҳо бо ҳамдигар ибрози андеша намуданд.

Июнь 21, 2018 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!