Дар Хуҷанд гирифтани раводид ба Германия ва дигар кишварҳои Аврупо осон гардид
ДУШАНБЕ, 6.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. 5 июни соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер – Виссинг дар доираи барномаи сафари кории худ ба шаҳри Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи маркази қабули ҳуҷҷатҳо барои раводиди давлати Германия ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген иштирок намуд.
Тавре аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Германия ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген: Австрия, Белгия, Дания, Испания, Италия, Латвия, Полша, Литва, Люксембург, Малта, Венгрия, Нидерланд, Португалия, Словакия, Словения, Франсия, Финляндия, Чехия, Шветсия, Эстония ва Юнон аз ҷониби ҶДММ «Дунёгард» амалӣ карда шуда, он дар ошёнаи 3-юми бинои «Казкомерсбонк» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд. Давоми 15 рӯзи корӣ шаҳрвандон метавонанд раводиди худро аз ин марказ дарёбанд. Ширкати «Дунёгард» ба мазмуну муҳтаво ва қабулу раднамоии раводид алоқаманд набуда, танҳо хизматрасонии интиқолдиҳии ҳуҷҷатҳоро амалӣ месозад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҶФГ ҳавасманди ҳарчи сода ва зудтар дастраснамоии раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст.
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода изҳор намуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати дарҳои кушоди Пешвои миллат шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки бидуни мамониат ба дилхоҳ кишвари ҷаҳон сафар намоянд.
Ифтитоҳи маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Германия, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 сурат мегирад, имкон медиҳад, ки мардум ба таври содаву осон раводид дастрас намоянд.
Гузашта аз ин, он барои соҳибкорону тоҷирон баҳри рушди тиҷорат ва дарёфти бозорҳои нави молу коло низ мусоидат менамояд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






