Дар конфронси байналмилалии Душанбе муносибат ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Дунёи бехатар» (Saferworld) ва Донишкадаи ҷаҳонии ИМА (USIP) 25-26 июни соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Муносибатҳо ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа, бартараф намудани омилҳои асосии даст задан ба амалҳои зӯроварӣ, иштирок дар гурӯҳҳо, инчунин истифодаи зӯроварӣ дар панҷ давлати ҳамсоя» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Навҷувонов, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодбек Шодмонзода, сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД Зумрад Абдуллозода, намояндаи дипломатии Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе Кевин Коверт, директори кишварҳои «Дунёи бехатар» Фердинанд Николл, роҳбари лоиҳаи «Дунёи бехатар» дар Тоҷикистон Хирад Каргасов ва намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Фарҳодбек Шодмонзода оид ба ислоҳоти милитсия ва ҳамкории он бо ҷомеа дар Тоҷикстон маърӯза намуда, ба ҳозирин тариқи слайд маълумоти пурра пешниҳод кард.
Дар идомаи конфронс мутахассисони ташкилоти «Дунёи бехатар» дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷаҳонии ИМА оид ба барномаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва амнияти ҷамъиятӣ дар Осиёи Марказӣ — Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар давлатҳо, аз сатҳи худогоҳӣ ва иқтидори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масъалаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар минтақаҳои интихобшуда, бартараф намудани омилҳои асосии даст задан ба амалҳои зӯроварӣ ва иштирок дар гурӯҳҳое, ки ба содир намудани амалҳои зӯроварӣ ҷалб шудаанд, маърӯза намуданд.
Дар конфронс аз ҷониби иштирокчиён таъсиси ҷойҳои баргузории ҳамоишҳо барои муҳокима намудани сабабҳои решакан кардани амалҳои зӯроварӣ ва иштирок дар гурӯҳҳои тундрав мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар хатми конфронс миёни намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, созмони ҷомеаи шаҳрвандии панҷ давлати зикргардида ва намояндагони созмони ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Афғонистон барои мубодилаи таҷрибаҳо оид ба масъалаҳои муносибатҳои истифодашуда дар соҳаи бехатарии ҷамъиятӣ ва омӯзиши таъсири ин усулҳо оид ба беҳтар намудани вазъи бехатарӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад






