Дар назди Беморхонаи ноҳияи Мурғоб ҳуҷраи ҷарроҳӣ ва озмоишгоҳ ба фаъолият оғоз мекунанд
ХОРУҒ, 22.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Паймон» навсозии бинои шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи ноҳияи Мурғобро, ки аввали солҳои ҳаштодуми асри гузашта сохта шудааст, пас аз ду моҳ ба поён мерасонанд.
Сардухтури ин беморхона Хуросонӣ Хуросониев ба раҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, ки барои таъмири бино 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ихтисос доданд, изҳори минатдорӣ баён намуда, гуфт, ки «маҳз ҳамин миқдор маблағ имконият дод симои бинои таваллудхона ба таври шинохтанашаванда тағйир ёбад». Дарвоқеъ дар назари аввал агар ба симои берунӣ ва дохилии бинои имрӯза назар афканед, гумон мебаред, ки он комилан бинои навбунёд аст.
Дар ҳоле, ки як сол пеш дар рӯзҳои боронӣ аз боми бино об мечакид. Шуъбаи таваллудхона дорои 15 кат буда, баъди навсозӣ дар ин ҷо ҳуҷраи ҷарроҳӣ ва як озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ низ ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳар гӯшаву канори мамлакат асари созандагӣ ва ободкорӣ ба назар мерасад. Аз он ки ҳаёти мардуми манотиқи кӯҳистон зери назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, сатҳи некуаҳволии мардуми ин манотиқ низ рӯз то рӯз баландтар мегардад.
Ноҳияи Мурғоби ВМКБ яке аз минтақаҳое мебошад, ки ҳамасола дар он аз ду то чор адад иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ бунёд мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






