Дар ноҳияи Лахш сел роҳ ва заминҳои наздиҳавлигиро зери об кард
ДУШАНБЕ, 06.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 июни соли 2018 дар натиҷаи боридани боронҳои зиёд дар деҳаҳои Янгишаҳр, Ҷултерак, Сурхоб ва Қӯшағбаи ноҳияи Лахш сел омада, ҳудуди 20 қитъа замини наздиҳавлигии сокинон зери об монд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дода, изҳор намуд, ки «бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, манзилҳои сокинон низ осеби ҷиддӣ надидаанд. Танҳо як иншооти ёрирасон пурра ва панҷ иншооти дигари ёрирасон қисман хароб шудаанд».
Ҳамчунин ба иттилои Умеда Юсуфӣ, дар натиҷаи боронгариҳо ва резиши сангтӯда се километр роҳи Ваҳдат – Лахш – Саритош, аз километри 250 то 253 барои муддате баста гардида, пас аз тоза кардани роҳ аз сангтӯда, ҳоло ҳаракат тариқи ин қитъаи роҳ аз нав роҳандозӣ гардид.
Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва ҳисоби зарари расида дар ҷойи ҳодиса комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ фаъолият дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






