Дар ноҳияи Рӯдакӣ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии бемории ВНМО ба кор шурӯъ намуд

Июнь 28, 2018 12:06

РӮДАКӢ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»  ва баҳри  пешгирию муқовимат бо ВНМО  ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони ташкилоту муассисаҳо, рӯҳониён ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок карданд.

Тибқи иттилои сардори Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ Камолиддин Мирзоев, дар ҷаласа аъзои шӯро вазифадор гардиданд, ки охири ҳар ҳафта аз фаъолияти таблиғотии худ барои пешгирии бемории СПИД дар байни аҳолӣ ба ҳукумати ноҳия гузориш пешниҳод намоянд.

Ба иттилои мавсуф, дар доираи иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ноҳия,  дар самти пешгирии ин беморӣ корҳои зиёд анҷом ёфта, барои коҳиш додани сарбории эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам ва беҳтар гардидани ҳолати эпидемикии он, инчунин  дарёфту муайянсозии он дар ноҳия  заминаи мусоид фароҳам гардидааст. Ҳамзамон мутахассисон ба сироятёфтагони  ВНМО кумакҳои палиативӣ расонида, ба онҳо  табобатҳои махсус пешниҳод мекунанд.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, шумораи умумии сироятёфтагони  ВНМО дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳи соли равон 727 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 156 нафараш кӯдакон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз 165 нафари сироятёфтагон   фавтидаанд.

Июнь 28, 2018 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад