Дар ноҳияи Сино боз як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Июнь 7, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 07.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, генерал-майор Бобоҷон Ҷамолзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода ва раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода иштирок карданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Назарова иттилоъ дода, зикр кард, ки ин дуюмин майдончаи варзишиву бозии кӯдакон аст, ки Гвардияи миллӣ бунёд мекунад.

«Дар партави сиёсати бунёдкорию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2017 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синоро ба зимма гирифта буд, ки онро дар масоҳати умумии 1600 м кв. ва дар муддати се моҳ ба маблағи 885 870 сомонӣ, бо сифати баланд ба истифода дод. Ҳамчунин дар атрофи майдонча дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда, роҳравҳои назди бинои истиқоматии ҳамшафат ҳамвор ва сангфарш карда шуд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ майдончаи мазкур бо гӯшаи сӯхторнишонӣ ва камераҳои мушоҳидавӣ таҷҳизонида шудааст»,- иброз дошт Хайриниссо Назарова.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ сохтмони мандончаҳои варзишӣ идома дошта, дар назар аст танҳо дар шаҳри Душанбе бештар аз сад майдончаи варзишӣ ба истифода дода шавад.

 

 

Июнь 7, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад