Дар пайи фурӯравии як қисми роҳи Душанбе-Чаноқ талафоти ҷонӣ ва моддӣ ба қайд гирифта нашудааст

Июнь 2, 2018 11:16

ДУШАНБЕ, 2.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ, шоҳроҳе, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ пайваст мекунад шаби гузашта фурӯ рафтааст.

Тавре сӯхангӯи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳодисаи мазкур тахминан соатҳои 2-и субҳи имрӯз рух додааст.

Ба гуфтаи Далери Абдулло, дар ин соат дар 138-ум километри роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ ҳудуди 35 метр роҳ фурӯ рафт.

Ба иттилои манбаъ кормандони ширкат дар ҷойи фурӯрафтаи роҳ феълан роҳи муваққатӣ кушодаанд.

«Новобаста аз он, ки ҳодиса шабонгоҳ рух дод, дар муддати кутоҳ қисмати техникаҳои пуриқтидор ба ин минтақа сафарбар шудаанд. Бо заҳмати кормандони ширкат аз дили кӯҳ роҳи муваққатӣ сохта шуда,  ҳаракати якҷонибаи воситаҳои нақлиёт муваққатан таъмин карда шуд», — гуфт Далери Абдулло.

Сабабҳои фурӯравии як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ аз ҷониби масъулони ширкат дар ҳоли таҳқиқ  аст.

Дар паи ҳодисаи мазкур   талафоти ҷонӣ ва моддӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Июнь 2, 2018 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд