Дар Пекин семинари ВАО-и кишварҳои дар ҳоли рушд доир гардид

Июнь 12, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 12.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар Пекин семинари омӯзишӣ барои рӯзноманигорони  кишварҳои  рӯ ба рушд доир гардид, ки дар он дар радифи намояндагони беш аз 15 кишвари ҷаҳон — қораи Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ, Шарқи Наздик аз Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар кормандони воситаҳои ахбори  омма, аз ҷумла,  хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иштирок намуданд.

Семинари мазкур бо ташаббуси Донишкадаи илмию тадқиқотии идораи давлатӣ оид ба матбуот, нашр, синамо, радио ва телевизиони Ҷумҳурии Мардумии Чин  (SAPPFT) гузаронида шуд.  Зимни семинар олимону коршиносони Донишкадаи мазкур, Ассотсиатсияи илм ва технология, Пажӯҳишгоҳи  санъат ва воситаҳои ахбори  оммаи Чин  ба иштирокдорони давраи омӯзишӣ  доир ба воситаҳои ахбори омма-радио, телевизиони Чин, рушди илму инноватсия  ва технологияи муосир-неруи пешбаранда дар ин кишвар, интернет ва саноати  фарҳангию дилхушкунанда дар Чин,    дурнамои рушди радио ва телевизион, радиои миллии Чин, ҳамкории судманди созмонҳои журналистӣ бо расонаҳо, таърихи давраи муосири ВАО дар Чин ва дар маҷмӯъ, доир ба фаъолияти расонаҳои чопию электронии ин кишвар  ва нақши онҳо дар пешрафту комёбиҳои Чин маълумот пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми семинари омӯзишӣ президенти Донишкадаи илмию тадқиқотии идораи давлатӣ оид ба матбуот, нашр, кино, радио ва телевизиони Ҷумҳурии Мардумии Чин Мен Личун ва директори департаменти байналмилалии Донишкадаи мазкур Зу Чиади  ба рӯзноманигорони кишварҳои рӯ ба рушд гувоҳнома супориданд.

Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи мазкур яке аз пажӯҳишгоҳҳои бузург дар бахши  тадқиқоту омӯзиши матбуот, нашр,  кино, радио ва телевизион дар Чин маҳсуб ёфта, он барои  кормандони  ВАО семинар ва давраҳои омӯзишӣ мегузаронад.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои дар ҳоли тавсеа ҳамзамон дар доираи давраи омӯзишӣ  аз идораҳои расонаҳои хабарии  Ҷумҳурии Мардумии Чин,  назири  радиои миллии Чин /СRI/, шабакаи телевизиони Чин /CNTV/, ширкати «SOHU»,  Маркази расонаии «Beijing TV», пойгоҳ оид ба офаридани филмҳои рақамӣ, идораи радио ва телевизиони  шаҳри Суҷови музофоти Сзянсу  дидан намуда,  бо фаъолияти  онҳо шинос гардиданд.

Ба иштирокдорони семинар муяссар гардид, ки аз маконҳои таърихию фарҳангӣ ва  сайёҳии шаҳрҳои Пекин, Шанхай ва Суҷови музофоти Сзянсу, назири  «Девори Бузурги Чин», «Маъбади осмон»,  «Осорхонаи кишоварзии Чин», «Кохи чой», «Боғи шоҳ»,  кӯли Тайху, деҳаи қадимаи Лу Лейн, Осорхонаи абрешим дар Суҷоу  боздид намуда, аз  тамаддун ва таъриху фарҳанги бостонии сарзамини Чин як ҷаҳон таассуроти нек бардоранд.

                                                               Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
                                                              Душанбе-Пекин

Июнь 12, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд