Дар шаҳри Бӯстон маркази савдои «Самарқанд» ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи таҳкими равобити дӯстонаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд маркази савдои «Самарқанд» ба истифода дода шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи маркази савдои мазкур раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён ва дигарон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки ин иқдоми соҳибкорони шаҳри Бӯстон дар заминаи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоати кишвар, ки зимни он мардум ба бунёдкорию созандагӣ ва анҷом додани корҳои хайру савоб даъват карда шуданд, ба миён омад.
Маркази савдои «Самарқанд» яке аз калонтарин марказҳои савдои шаҳри Бӯстон ба ҳисоб рафта, сокинон имкони бо нархҳои дастрас харидани маҳсулоти ниёзи аввалро пайдо мекунанд.
Бояд гуфт, ки ин маркази савдо бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Ёдгор Мамадов ва Абдулҳай Шарипов таҷдид ва навсозӣ гардида, дар он 15 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






