Дар шаҳри Хоруғ 39 фурӯшгоҳи машруботи спиртӣ, ки бе иҷозатнома фаъолият доштанд, баста шуданд

Июнь 5, 2018 16:11

ХОРУҒ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамаи нуқтаҳои фурӯши машруботи спиртӣ дар шаҳри Хоруғ мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Дар натиҷаи санҷиши муштараки кормандони бахши вилоятии «Тоҷикстандарт», прокуратура, Маркази санитарию эпедимологӣ маълум гардид, ки аз 48 ошхонаву тарабхона, қаҳвахонаву мағоза 39 адад бе иҷозатномаи мақомоти шаҳрдорӣ ба фурӯши машруботи спиртӣ даст задаанд.

Ба қавли мудири бахши назорати давлатӣ оид ба талаботи стандартии Раёсати «Тоҷикстандарт» Озодбахт Мародҳусейнов,  ин муассисаҳо на танҳо барои фурӯши машруботи спиртӣ ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда натавонистанд, балки  ташхиси озмоишгоҳ нишон дод, ки  аксари шишаҳои арақ  худсохт буда, ба ягон меъёри стандартӣ ҷавобгӯ нестанд ва ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Ҳайати комиссия хулосаҳои санҷиши муштаракро ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ пешниҳод кард ва пас аз баррасии натиҷаҳои санҷиш танҳо ба 9 мағоза иҷозати фурӯши машруботи спиртӣ дода шуд.

Озодбахт Мародҳусейнов гуфт, ки «сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят  низ ин иқдомро ҳаматарафа дастгирӣ намуданд ва дар ошкор кардани мағозаҳое, ки пинҳонӣ машруботи спиртӣ мефурӯхтанд, ҳамкорӣ карданд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ зиёда аз 164 адад мағозаҳое, ки ба фурӯши ғайриқонунии машруботи спиртӣ дар ҳудуди вилоят машғул буданд, ошкор гардида, танҳо ба 64 адади он иҷозатномаи махсуси фурӯши машруботи спиртӣ дода шуд».

Июнь 5, 2018 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад