Дар шаҳри Кӯлоб ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ғизоӣ баргузор гардид
КӮЛОБ, 09.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди Рамазон аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғдиён» -и шаҳри Кӯлоб ярмаркаи маҳсулоти хӯрокӣ доир гардида, дар он маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, аз қабили орд, шакар, равған ва дигар маводи ғизоӣ бо нархи нисбат ба бозор 15% арзон ба фурӯш бароварда шуданд.
Тавре директори ҶСК «Суғдиён» Сорбон Шарипов иттилоъ дод, мақсад аз гузаронидани ярмарка ба аҳолӣ дастрас намудани маводи ғизоии арзон ва ба танзим даровардани нархи маҳсулот дар бозор мебошад.
Дар назди ҷамъият корхонаи истеҳсоли орд фаъолият мекунад. Ба иттилои манбаъ, бо дастгирии Агентии захираҳои моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхона ду навъи гандум- маҳаллӣ ва қазоқӣ ворид карда шуд, ки айни ҳол он коркард шуда истодааст. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз истеҳсоли 90 тонна ордро дар бар гирифта, дар як баст фаъолият менамояд. Ба корхона соле як маротиба маҳсулот аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Инчунин хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба ғаллакорӣ машғуланд, метавонанд ҳосили зироати худро ба корхона ворид сохта, коркард намоянд.
Истеҳсоли орди корхона ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй буда, ашёи хом ба таври ҳатмӣ аз ташхисгоҳ гузаронида мешавад.
Корхонаи мазкур дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Восеъ, Ҳамадонӣ нуқтаҳои фурӯши орд таъсис додааст, ки мизоҷон ордро бо нархи аз 115 то 130 сомонӣ дастрас менамоянд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






