Дар Шуғнон узви фаъоли гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо 100 кг маводи мухаддир дастгир шуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9-уми июни соли 2018, тахминан соати 21:15 дақиқа, зимни амалиёти кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ, дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Ёмҷи Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон, сокини деҳаи мазкур — Туйбошев Шӯҳрат Мамлукович, соли таваллудаш 1990, аъзои фаъоли ГМҶ, бо 100 кг маводи мухаддири навъи «ҳашиш», 3 адад яроқи оташфишон (2 адад тапончаи тамғаи «Глок» ва 1 адад тапончаи тамғаи «Беретта») ва 175 дона тирҳои мансуб ба яроқҳои номбаршуда, ки ба таври қочоқ аз шаҳрвандони ҶИА дастрас намуд, дастгир карда шуд.
Ҳангоми амалиёт се нафар қочоқбарони афғон муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, тавассути дарёи Панҷ ба самти Афғонистон фирор намуданд. Дар натиҷаи оташи ҷавобии кормандони мақомоти амният яке аз қочоқбарони афғон безарар гардонида шуд.
Нисбат ба Туйбошев Шӯҳрат Мамлукович бо моддаҳои 335 қисми 1, 289 қисми 3, 195 қисми 2 ва 200 қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Зимни нишондод Туйбошев Ш.М. оид ба алоқаҳои наздики худ аз ҳисоби аъзоён ва роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва даст доштани онҳо дар ин ҷинояти вазнин маълумоти муфассал пешниҳод кард. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти мазкур идома доранд.
Органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат минбаъд ҳам муборизаро ба муқобили гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки қочоқи маводи мухаддир ва силоҳро сарчашмаи асосии даромади худ интихоб карда, мехоҳанд оромӣ ва суботи ҷомеаро зери суол баранд, муборизаи беамон хоҳанд бурд. Дар ин самт қишрҳои солеҳи ҷомеа, махсусан ҷавонон такягоҳи асосии КДАМ мебошанд.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






