Дар Суғд барои интихоби беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ озмун доир мегардад

Июнь 19, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Миёни китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» гузаронида мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, тарғиби ғояҳои олии худшиносию худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки ниёгон нисбат ба китобу арзишҳои маънавӣ, инчунин ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 140-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гузаронида мешавад.

Дар озмун хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, ки ҳамчун истифодабарандаи расмии ин ё он китобхона ба қайд гирифта шудаанд, метавонанд иштирок намоянд.

Даври аввали озмун моҳи июни соли равон оғоз гардида, то 20 август идома меёбад. Даври дуюми он рӯзҳои 3 ва 4 сентябр гузаронида шуда, ба муносибати Рӯзи китоб ҷамъбаст мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони озмун дар ду бахш – миёни хонандагони мактаб ва донишҷӯён муайян гардида, ба ду ғолиби асосии озмун ба миқдори 2000 сомонӣ ва ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм мутаносибан 1500 ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.

 

 

Июнь 19, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд