Дар Суғд оилаҳои ниёзманд аз кумакҳои рамазонӣ бархурдор мешаванд
ХУҶАНД, 1.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст дар моҳи хайру эҳсон- моҳи шарифи Рамазон ба 7600 оила, нафарони яккаву танҳо ва маъюбон кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва дигар маводи зарурӣ расонад.
Ин амри хайр вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 12 майи соли равон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ҷиҳати дар моҳи шарифи Рамазон дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо дода шуданд, роҳандозӣ гардидааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, ҳамчунин аз ҷониби шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд имрӯзҳо дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи мақомоти маҳаллии вилоятӣ тақсими кумакҳои моддӣ идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






