Дар Суғд озмуни «Соҳибкори беҳтарин-2018» доир мегардад
ХУҶАНД, 06.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарин- 2018» гузаронида мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти роҳбари вилоят иттилоъ доданд, озмуни мазкур моҳҳои апрел – декабри соли равон доир мегардад.
Ҳадафи баргузории озмун, пеш аз ҳама, дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони фаъоли вилоят, ки дар самти рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт фаъолият намуда, ба ин восита баҳри баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот ва хизматрасонӣ саҳм мегузоранд, равона карда шудааст.
Тибқи низомнома озмун аз рӯи 8 самт ва 42 номгӯй гузаронида шуда, ҷоизаи он беш аз 430 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар он танҳо соҳибкороне, ки шаҳрванди ҷумҳурӣ буда, дар ҳудуди вилоят иқомат дошта, дар пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти вилоят саҳми арзанда мегузоранд, иштирок карда метавонанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






