Дар Суди Олии иқтисодӣ доир ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 26, 2018 10:20

ДУШАНБЕ, 26.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва обу хоки аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд. Ин нукта зимни ҳамоише, ки имрӯз, 26 июн дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-омили муҳимтарини ҳастии миллат» баргузор шуд, баён гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Абдуҷаббор Қодирзода иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон буда, бо ташаббус ва иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввал бо паёми сулҳ ба сари қудрат омаданд ва дар ниҳоят ба Ватан ва миллат ваҳдат оварданд. Инак, 21 сол аст, ки мардуми шарифи тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ зиндагӣ доранд. Заҳматҳо ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат буд, ки ҳар як фарди ҷумҳурӣ Пешвои худро дастгирӣ ва аз ӯ пайравӣ мекунанд»,-таъкид намуд Абдуҷаббор Қодирзода.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ҳамчун намунаи нодир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, мавриди омӯзиш қарор дорад.

Бояд гуфт, ки дар ҳамоиши мазкур судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе маърӯза карданд.

Июнь 26, 2018 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад