Дар Туркия Анҷумани тоҷикон таъсис ёфт

Июнь 18, 2018 11:17

ДУШАНБЕ, 18.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри  Истанбули Туркия Анҷумани тоҷикон таъсис дода шуд, ки  то ҷое рамзӣ низ мебошад.

Ҳадафи таъсиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия муттаҳид ва ба ҳам овардани ҳамватанони муқими кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон — Туркия мебошад.

-Анҷуман дар самти фароҳам овардани шароити зарурии фарҳангӣ, дастгирии маънавӣ ва ҳуқуқии табақаҳои гуногуни шаҳрвандони кишвар, ҷанбаҳои дигари будубоши ҳамватанон дар кишвари иқомат ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолият хоҳад кард,-мегӯяд муовини роҳбари Анҷумани тоҷикон дар Туркия оид ба ҳамкорӣ бо ВАО ва равобити хориҷӣ Хуршед Назархудоев.  

Анҷуман дар баробари ин ба ҳамватанон барои ворид гардидан ба ҷомеаи кишвари иқомат, риояи қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба иқомат дар Ҷумҳурии Туркия дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар корҳои роҳнамоӣ анҷом медиҳад.

Ҳадафҳои Анҷуман дар оянда  бо дарназардошти таҷрибаи иқомати ҳамватанон, мушкилоти мавҷуда ва пешниҳодҳои дахлдор такмил хоҳад гардид.

Саҳифаи расмии анҷуман дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук чунин аст: https://www.facebook.com/tojikoniturkiya/

Июнь 18, 2018 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад