Дар Вазорати корҳои дохилӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа ҳамоиш доир мегардад
ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 3 июли соли равон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия (сатҳи сиёсӣ) ва ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ роҳбарони як зумра ҳайатҳои байналмилалӣ, аз қабили Барномаи рушди СММ, Идораи СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, Сафирони сафоратҳои ИМА, Россия, Германия, Франсия, Британия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ иштирок мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар кори ҳамоиш инчунин аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёварони сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ислоҳоти милитсия ширкат менамоянд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






