Дар вилояти Хатлон машқҳои тактикӣ-омӯзишӣ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар минтақаи «Зағиртӣ»-и шаҳри Леваканд таҳти роҳбарии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода бо ҷалби ҳайати шахсии гурӯҳҳои зудамали шуъбаи ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, дастгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, қисми ҳарбии 3503 ва Дастаи таъйиноти махсуси муҳофиза машғулиятҳои амалӣ ва машқҳои тактикӣ-омӯзишӣ доир гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз гузаронидани машқҳо баланд бардоштани ҳолати омодабоши касбии ҳайати шахсӣ, такмилдиҳӣ ва омодабоши мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир мебошад.
Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқҳо дар нуқтаи таълимӣ шароити техникӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ташкил карда шуда, ҳайати шахсӣ ба омӯзиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуда, машқҳои тактикӣ доир гардиданд.
Зимни натиҷагирии машқҳо сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода дар назди ҳайати шахсӣ доир ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар баҳри таъмини амнияти давлату миллат, ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ибрози андеша кард.
Ба иттилои манбаъ, дар хотима ба иштирокчиёни фаъоли машқҳои тактикӣ-омӯзишӣ «Ифтихорнома»-ҳо тақдим карда шуданд.










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






