Дар вилояти Суғд қочоқи беш аз 20 ҳазор килограмм хурмо пешгирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Р.Ш., воқеъ дар маҳаллаи 3-юми ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба миқдори 20 ҳазору 450 килограмм меваи хурмои истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дарёфт карда шуд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, моли мазкур ба шаҳрванд Р. Ш., соли таваллудаш 1987 тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.
Дар вақти санҷиш соҳиби моли мазкур ягон ҳуҷҷати гумрукӣ пешниҳод карда натавонист.
Мувофиқи хулосаи филиали суғдии Маркази ҷумҳуриявии экпертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши умумии 20 ҳазору 450 килограмм меваи хурмо 421 ҳазору 923 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Р.Ш. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






