Дастаи «Истиқлол» дар ҷадвали Лигаи олӣ ба ҷои аввал баромад
ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, дар ҷадвали Лигаи олӣ ба ҷои аввал баромад.
. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури мухлисони сершумор ҷолибу диданӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ голҳои дастаи футболи «Истиқлол»-ро Аҳтам Назаров ва Муҳаммадҷон Раҳимов ба ҳадаф расониданд. Як голи дастаи КМВА «Помир»-ро Шарафҷон Солеҳов ба нишон расонид. Зимнан, ин пирӯзии ҳаштуми дастаи «Истиқлол» ва бохти дуюми дастаи КМВА «Помир» дар мусобиқаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба шумор меравад.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол», ки дар 11 бозӣ 26 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал мебошад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 24 хол дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе бо 17 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






