Деҳқонони ноҳияи Ховалинг имсол кишти картошкаро сари вақт ва хушсифат анҷом медиҳанд
ХОВАЛИНГ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Сайдаҳмад Каримови ноҳияи Ховалинг бо интихоби тухмии хушсифати ба шароити иқлими минтақа мусоид ба кишти картошка оғоз намуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, шурӯъ аз соли 2017 тибқи барномаҳои давлатӣ хоҷагии ҷангали мазкур як зумра техника, аз ҷумла, ду трактори тамғаи МТЗ бо мошинолот дастрас намуд. Бо истифода аз техникаи мавҷуда ва ҷалби кормандони хоҷагӣ роҳбарият мақсад доранд кишти картошкаро сари вақт ва дар муҳлати муайянгардида анҷом диҳанд.
Барои риояи коидаҳои агротехникӣ ва вайрон накардани тухмӣ картошкаи нешзадаро дастӣ мешинонанд.
Ба гуфти кормандони раёсати кишоварзии ноҳияи Ховалинг, дар ин ноҳия вобаста ба иқлими маҳал ҳамасола аз аввали моҳи апрел то 15 июн кишти картошка идома меёбад. Бо дастрасӣ ба техникаи кишоварзӣ, тухмии хушсифату нуриҳои органикӣ ва минералӣ ҳосилнокии картошка ҳамасола афзоиш меёбад.
Дар хоҷагии ҷангали мазкур ҳамчунин дар майдони як гектар пиёз коридаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






