Донишҷӯёни тоҷик дар Форуми ҷавонони СҲШ дар шаҳри Пекин сазовори номинатсияи «Беҳтарин ташаббус» гардиданд
ДУШАНБЕ, 4.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин бо иштироки ҷавонони аъзои СҲШ форуми ҷавонони СҲШ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Заробиддин Ширинов аз ҷараёни форуми мазкур иттилоъ дод, дар кори он ҷавонони зиёда аз 10 давлат иштирок намуданд.
Форуми мазкур аз рӯи се номинатсия баргузор гардида, дар он донишҷӯёни тоҷик фаъолона ширкат варзиданд. Магистранти Донишгоҳи Пекин Маҳмуд Ҳамраалиев ва донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии тиҷорат ва иқтисоди Пекин Шаҳриёр Ҳаёхоҷаев аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ташаббус» сазовори ҷои якум дониста шуданд.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






