ДУШАНБЕ СИМОЯШРО ДИГАР МЕКУНАД: дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Сино майдончаи варзишии «Юка» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 14 июни соли равон дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишии «Юка», гулгашт ва мавзеи истироҳатию фароғатӣ барои кӯдакону наврасон ва сокинони маҳал сохта ба истифода дода шуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,
майдончаи варзишии унверсалии бозии «Юка» аввалин маротиба дар Тоҷикистон дар масоҳати 144 м2 дар намуди доирашакл бунёд ёфта, барои баргузории ҳама намуди бозиҳои варзишӣ: баскетбол, волейбол ва футбол мусоид аст.
Сохтмони майдонча бо маблағи 352 ҳазору 559 сомонӣ дар масоҳати 1850 метри мураббаъ дар муддати се моҳ бунёд гардидааст. Атрофи майдончаи варзишӣ аз гулгашт, ҷои истироҳату фароғат, ҷои бозӣ барои кӯдакон ва навиштаҷотҳо аз ашъори адибони шинохтаи тоҷик иборат мебошад.
Ба иттилои манбаъ, «Юка» яке аз бозиҳои маъмулӣ дар Иттиҳоди Аврупо аз қабили Украина, Италия, Испания, Дания ва дигарон ба ҳисоб рафта, дар он хурду калон метавонанд ширкат варзанд.










МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






