Фестивали бадеҳахонӣ, озмуни мақола ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Душанбе: дирӯз, имрӯз ва фардо» ҷамъбаст гардид

Июнь 12, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе озмуни ровиёни ҷавон таҳти унвони «Санъати сухан», Фестивали шаҳрии «Бадеҳахонӣ», Фестивали навозиши асбобҳои миллии мусиқӣ таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ», Фестивал-озмуни рассомони наврасу ҷавон таҳти унвони «Манзараҳои шаҳри ман», озмуни мақола ва иншои беҳтарин таҳти номи «Душанбе: дирӯз, имрӯз ва фардо» ва озмун-викторинаи радиоӣ дар мавзӯи «Шаҳри мо-хонаи мо»- ро ҷамъбаст намуд. Ин маросим дирӯз дар Муассисаи давлатии «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов» зимни баргузории ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мо ҷавонон-пайравони Пешвои миллатем!» доир шуда, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади озмун ва фестивалҳои мазкур  дӯст доштани Ватан ва ҳифз намудани  ҳар зарра обу хоки он буда, шумораи васеъи ҷавонони касбу кори гуногун ба он ҷалб карда шуданд.

Ҳамзамон дар маросими мазкур  ҷавонони фаъол, собиқадорони соҳа, намояндагони сохторҳои маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, кормандони воситаҳои ахбори омма ва варзишгарон барои саҳми арзанда ва ҳамкории судманд дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, бахусус ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бо сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Июнь 12, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад