ФУТБОЛ: дастаи «Панҷшер» бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор пирӯз гардид
ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии охирини даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури мухлисони сершумор ҷолибу диданӣ баргузор гардид. Дар ин дидор ҳар се гол дар нимаи дуюм зада шуданд.
Ҳисобро бозингари мизбонон Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 57-ум аз пеналти боз кард. Баъдан Хайриддин Турахонов дар дақиқаи 70-ум ва Ҳасан Холов дар дақиқаи 73-юм ба дарвозаи «Барқчӣ» ду гол зада, бозиро ба нафъи дастаи футболи «Панҷшер» анҷом доданд.
Зимнан, ин пирӯзии дуюми дастаи «Панҷшер» ва бохти нуҳуми дастаи «Барқчӣ» дар мусобиқаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба шумор меравад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






