Гумрукчиёни Конибодом қочоқи маснуоти заргариро пешгирӣ карданд

Июнь 8, 2018 14:18

ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Патар»-и гумруки Конибодом ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи «Опел-Астра», ки ба шаҳрванд Д.М. тааллуқ дорад, 375 адад маснуоти заргарӣ,  аз қабили ангуштарин, гӯшвор, занҷира ва дастбандҳои  тиллоию  нуқрагӣ дарёфт ва мусодира карданд.

Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрванд  Д. М. мехост ин миқдор маснуоти заргариро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ва тариқи қочоқ берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол диҳад.

Мувофиқи хулосаи мутахассисони филиали суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши 375 дона маснуоти заргарии аз металлҳои тилло ва нуқра сохташуда, бо вазни умумии 1 килограмму 63 грамму 94 миллиграмм аз рӯи намуд, ҳолати молӣ ва бо назардошти навъ дар маҷмӯъ 135 ҳазору 518 сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз  рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Д.М. бо моддаи 32 қисми 3 ва 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Июнь 8, 2018 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад