Гурӯҳи фаврӣ — тафтишотӣ сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари онро дар Маркази савдои «Султони Кабир» муайян мекунад

Июнь 4, 2018 09:26

ДУШАНБЕ, 04.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ниҳодҳои марбутаи  пойтахт бо маъмурияти Маркази савдои «Султони Кабир» ва соҳибкорони бозори мазкур, ки  дар натиҷаи сӯхтори   2 июни соли 2018  дар  ин макон   ба  амаломада  зарар дидаанд, мулоқот намуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои  хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор ва зарари он аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор гурӯҳи фаврӣ — тафтишотӣ ташкил шуд. Гурӯҳи мазкур вазифадор гардидааст, ки сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари ба амаломадаро пурра муайян намояд.

«Ба роҳбарияти ҶДММ «Султони Кабир» дастур дода шуд, ки дар асоси натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи фаврии тафтишотӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба соҳибкорони зарардида ҷиҳати ҷуброни хисороти расида тамоми чораҳои бетаъхирро роҳандозӣ намояд», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки   2 июни соли 2018, соати 20:30 дар  ҳудуди ҶДММ «Султони Кабир», воқеъ дар кӯчаи Абай 1,  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор дар табақаи якуми бинои 6- ошёнаи Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷаи сӯхтор  ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд. Бар асари ҳодисаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Барои хомӯш кардани сӯхтор қувваҳои Гарнизони хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута сафарбар гардиданд. Оташ соати 00:15 пурра хомӯш гардида, пеши роҳи паҳншавии аланга ба дигар қисматҳои бино гирифта шуд.

Дар  макони  ҳодиса ҷиҳати андешидани тадбирҳои бетаъхир ва бартараф намудани алангаи оташ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, прокуратураи шаҳри Душанбе, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар сохторҳои марбута ҳозир буданд.

 

Июнь 4, 2018 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад