Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ мақоми аввал гирифтанд
ДУШАНБЕ, 06.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 нафар тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» — и шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3 июни соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби мақоми аввал гардиданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, олимпиадаи мазкур байни 4 давлат — Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо шумули 66 шаҳрҳои ин мамлакатҳо доир гардида, тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» бо гирифтани 5 Ҷом ва 18 мақоми якум ба нишондиҳандаи олитарини олимпиада муваффақ гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар олимпиадаи байналхалқӣ 20 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд ва 2 нафар хонандагони мактабҳои шаҳри Бӯстон иштирок намуда, 18 нафари онҳо, ки аз 6 то 15-солаанд, ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.
Хонандаи синфи 8-и литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд Ғайрат Усмонов дар олимпиадаи мазкур 210 адад мисолро давоми 25 дақиқа ҳал намуда, ба унвони «Устоди арифметикаи зеҳнӣ» комёб гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






