Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи «EuPhO-2018» соҳиби медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 май то 1 июн дар шаҳри Долгопруднии Федератсияи Россия 2-юмин Олимпиадаи байналмилалии аврупоӣ аз фанни физика (EuPhO-2018) баргузор шуд. Дар он 115 нафар довталаб аз 23 давлати дунё, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Руминия, Эстония, Италия, Швейтсария, Словакия, Словения, Латвия, Венгрия, Сербия, Македония ва ғайра иштирок карданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар олимпиада давлати моро 2 нафар хонанда муаррифӣ намуда, дар ҷамъбаст хонандаи синфи 11 Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе Сабина Абдураҳмонова сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) ва хонандаи синфи 9 Муассисаи хусусии таълимии литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе Далер Пиров сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардиданд. Ба шарафи онҳо Парчами Тоҷикистон дар байни 23 давлати дунё баланд бардошта шуд.
Бояд гуфт, ки аз аввали соли 2018 хонандагони тоҷик дар 10 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 126 медал – 31 медали тилло, 49 медали нуқра, 46 медали биринҷӣ гардиданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 медали тилло, 16 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ зиёд мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






