ХУШБАХТУ ХУРСАНДЕМ! Кӯдакони пойтахт иди худро бо рақсу бозӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мегардад, силсилабарномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор гардиданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар он ҳазорон кӯдаки хурдсоли хурсанду хушбахти пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе иштирок ва бозию фароғат намуданд.
«Ширкати мо ба ғайр аз таъмин намудани аҳолӣ бо хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернетӣ, инчунин ҳар сол дар рӯзҳои ид, аз ҷумла, дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор менамояд»,-зикр намуд намояндаги ширкати мобилии Тселл — ташкилкунандаи барномаи мазкур дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».
Имрӯз ин ширкат ба ғайр аз шаҳри Душанбе, инчунин дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва дигар ноҳияҳои мамлакат барномаҳои идона баргузор намудааст, ки мақсади асосии онҳо хурсандӣ ва болидахотирии кӯдакон мебошад. «Мо кӯшиш мекунем дар ин барномаҳо ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, кӯдакони маъюбро ба ҳам орем, то бо ҳам ҳар гуна бозиҳо ва шодию хурсандӣ кунанд»,- гуфт намояндаи ширкати мобилии Тселл.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон як зумра барномаҳои маърифативу фарҳангӣ баргузор гардида истодаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






