Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ- татбиқи барномаҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат

Июнь 13, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  маҷмааи  варзишии замонавӣ ба истифода дод.

Аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейболу баскетбол ва бозиҳои кӯдакона махсус гардонида шудааст.

Атрофи майдончаи варзишӣ бо гулҳои мавсимӣ  сабзу хуррам ва зебо гардонида шуда, сокинони маҳаллаи Камоли Хуҷандии пойтахт аз бунёд ва ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ин маҳалла хушнуд гардиданд. Онҳо дар маҳаллаашон ба истифода додани иншооти варзиширо самараи ғамхории  доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки  бунёд ва ба истифода додани майдончаҳои варзишию солимгардонӣ дар пойтахт дар заминаи татбиқи барномаҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани симои шаҳри Душанбе амалӣ мегарданд.

Июнь 13, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид