Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ниёзмандони шаҳри Душанбе кумак намуд

Июнь 13, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн бахшида ба иди шарифи Рамазон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба ниёзмандони чор ноҳияи шаҳри Душанбе кумак намуд.

Тавре аз маркази иттилоотии ҶҲАТ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кумаки мазкур бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия ба 500 нафар ниёзмандони шаҳри Душанбе расонида шуд.

Ин кумак дар маҷмӯъ аз маводи озуқаворӣ, аз ҷумла, 2500 кг орд, 500 кг биринҷ, 1000 кг шакар, 1000 литр равғани растанӣ, 500 кг. макарон, 500 кг лубиё, 500 кг наск, 500 кг нахӯд,  500 кг марҷумак, 0,5 кг чойи хушк ва 500 кг намак иборат буд.

Бояд зикр намуд, ки дастгирии шахсони ниёзманд яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҷамъият ҳамеша мекӯшад барои дастгирии онҳо мусоидат намояд.

Июнь 13, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд