Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи саҳмдорони НБО «Роғун» баргузор гардид

Июнь 14, 2018 17:50

ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК НБО «Роғун» баргузор гардид, ки дар он 10 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2017 шунида шуд ва хулосаи аудитори ҷамъияти мазкур барои соли 2017 пешниҳод гардид.

Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба зиёд намудани сармояи оинномавии ҶСК НБО «Роғун» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъият қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар маҷлис аъзои Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии ҷамъият интихоб шуда, Низомномаи мудирияти истифодабарӣ ва аудитори ҶСК НБО «Роғун»  барои соли 2018 тасдиқ гардид.

Июнь 14, 2018 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд