Имсол тантанаҳои асосии ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом баргузор мегарданд

Июнь 13, 2018 09:07

ХУҶАНД, 13.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон тибқи дастури Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои асосии ҷумҳуриявии  21 –солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом баргузор мегарданд. Бо ин мақсад имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ифтихор аз пойдории сулҳу субот ва баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ омодагиҳо ҷараён доранд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, охири даҳаи сеюми моҳи июн дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят бо иштироки меҳмонони олимақом аз тамоми минтақаҳои кишвар вобаста ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои идонаи фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», имрӯзҳо дар шаҳри Конибодом баҳри баргузории барномаи идонаи бошукӯҳ, ки аз барномаи фарҳангии театрӣ ва намоиши дастовардҳои милливу растаҳои ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят иборат аст, омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ ҷараён доранд.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки соли равон ба истиқболи ин санаи муборак дар шаҳри Конибодом дар рӯзҳои ид ҳашт иншооти бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Аз ҷумла, имрӯзҳо сохтмони бинои сеошёнаи мактаби рақами 29-и деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, маҷлисгоҳ барои 220 нафар, толори варзишӣ, ошхона барои 80 нафар, системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда, гармхона ва чоҳи амудӣ, сохтмони майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо муҷассамааш, бинои дуошёнаи мақомоти прокуратураи шаҳр, таъмиру таҷдиди варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и марказии шаҳр, ки пас аз анҷоми корҳои навсозӣ дорои 10 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад гардид, сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ ва як тӯйхона аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, ба истифодадиҳии Маркази ҷарроҳӣ ва нуқтаи қабули хатти оби нӯшокии идораи обу корез ва таҷдиду навсозии роҳи нақлиётгарди Конибодом – Патар идома дорад.

Инчунин ба истиқболи ин ҷашн чанде пеш бо иштироки раиси вилояти Суғд корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳои асосии шаҳр ба дарозии умумии беш аз 3 километр оғоз гардиданд.

Июнь 13, 2018 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад