ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО. Ба гумонбарони ҷанги гурӯҳӣ 12 соли маҳрум шудан аз озодӣ таҳдид мекунад

Июнь 6, 2018 14:20

ДУШАНБЕ, 06.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Гумонбарони ҷинояте, ки  29 майи соли равон дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои пойтахт байни ду гурӯҳи ҷавонон ба вуқӯъ пайвасту бо ҷароҳат бардоштани яке аз иштирокчиёни он анҷомид, зимни бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуданд.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки аз ду ҷониб шаҳрвандон Ғоибов К. А., соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи кӯчаи Б. Ғафурови ноҳияи Сино, Аюбов Э.М., соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи А. Ғуломов, аз ҷониби дигар шаҳрвандон Ахмедов Д. С., соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи Б. Ғафуров, Шарипов Ф.С., соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии ноҳияи И. Сомонӣ бо маслиҳати пешакӣ байни ҳам муноқишаро тарҳрезӣ ва ташкил намуда, даст ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ задаанд.

Тибқи маълумоти тафтишоти пешакӣ, муноқишаи мазкур дар заминаи нофаҳмиҳои лафзӣ миёни Кишвар Ғоибов ва Дамир Ахмедов сар зада, баъдан аз ду ҷониб номбурдагон бо даъват намудани рафиқонашон бо ҳамдигар муноқиша намудаанд. Сипас ҳангоми муноқиша Кишвар Ғоибов бо корд мусаллаҳ шуда, ба қафаси синаи Фирдавс Шарипов як маротиба зада, ҳамроҳи ҳаммаслакаш аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Дар ҳамин ҳолат Фирдавс Шарипов бо бардоштани ҷароҳати вазнин ба саломатияш дар беморхона бистарӣ карда шуда, айни ҳол таҳти назорати духтурон қарор дорад.

Баъди ҳамагӣ 1 рӯзи содир гардидани ҷинояти мазкур дар доираи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарон дастгир карда шуда, нисбаташон бо моддаи 110 қисми 2 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 237 қисми 3 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Акнун тибқи муқаррароти ин ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавонони дастгиршуда то 12 соли маҳрум шудан аз озодӣ таҳдид мекунад.

Аз ин рӯ, роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз кулли падарону модарон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар вақтҳои берун аз таҳсил, махсусан дар вақти шабона рафтору кирдори фарзандони худро зери назорат қарор дода, дар пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ саҳми худро дареғ надоранд.

Июнь 6, 2018 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд