«ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНӢ!». Дар Истаравшан корхонаи коркарди маҳсулоти ширии «Асил» ба кор шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар шаҳри Истаравшан бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди маҳсулоти ширии «Асил» ба кор шурӯъ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Шералӣ Азимӣ хабар дод.
«Корхонаи мазкур филиали Комбинати «Шири Душанбе» буда, шири маҳаллиро коркард намуда, аз он 8 номгӯи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарарро истеҳсол менамояд. Дар ин макон 20 нафар коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд», — афзуд манбаъ.
Корхона дорои озмоишгоҳи муосир буда, дар он ҳама маҳсулоти истеҳсолшаванда аз санҷиш гузаронида мешаванд. Аз маҳсулоти тару тозаи ин корхона на танҳо сокинони шаҳри Истаравшан, балки тамоми вилоят баҳра хоҳанд бурд.












Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






