КОНИБОДОМ-ҶАШНГОҲИ АСОСИИ РӮЗИ ВАҲДАТ -2018. Гузориши хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2018 15:45

ХУҶАНД, 26.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Зеро Ваҳдат нишонаи бақои миллат, рамзи озодиву истиқлол ва саодати хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба ҳисоб меравад.

 Сокинони куҳаншаҳри бостонии Конибодом низ чун дигар мардуми кишвар ба пешвози тантанаҳои ин ҷашни пурифтихор омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Зеро имсол маҳз шаҳри Конибодом ҷашнгоҳи асосии ваҳдатсарои ҷумҳуриявӣ интихоб гардидааст.

 

Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА  гузориш медиҳад.   

Мардуми касбу кори гуногуни ин куҳаншаҳр бо рӯҳияи идона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ, шукргузорӣ аз пойдории сулҳу субот, садоқатмандӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати бо шаҳомати хосса истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ дар раванди бунёди як зумра бинову иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ, чун бинои сеошёнаи мактаби рақами 29-и деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо муҷассамааш, бинои дуошёнаи мақомоти прокуратураи шаҳр, таъмиру таҷдиди варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и марказии шаҳр, меҳмонхонаи замонавӣ ва як тӯйхона аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, ба истифода додани Маркази ҷарроҳӣ ва таҷдиду навсозии роҳи нақлиётгарди Конибодом – Патар  ва омоданамоии барномаи рангини фарҳангии идона бо иштироки қариб 7000 нафар мактаббачагону донишҷӯён, ки шоми  27 июн дар қасри варзиши навбунёди «Ҷавонӣ» намоиш дода мешавад, нақши назаррас гузоштанд.

Инчунин дар ин ҷо ҳар ҳафта шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида, барои тозаву озода намудани дохили шаҳр ва намуди биноҳо, атрофи муассисаи таълимӣ, тоза кардани ҷӯйбору роҳҳо, сафед кардани дарахтон, обчакории майдончаҳои назди коргоҳҳо, хуллас дар ободу хуррам гардонидани диёри худ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки аз ҷониби масъулини идораи сабзазоркунии шаҳри Конибодом баҳри ободу зебо гардонидани шаҳр то имрӯз дар ҳудуди шаҳр 2000 м2 роҳҳои пиёдагард сафолакпӯш карда шуда, 6000 дона гулҳои ороишӣ, чун канна, петуня, тагес, зиёда аз 50 000 дона марҷонгул ва 800 бех дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд.  Инчунин баҳри ҳамешасабзии гулу ниҳолҳо ва таъминот бо об ҷӯйборҳои қади роҳ аз нав таъмир гардида, дар канори роҳҳо чароғҳои равшанидиҳанда низ насб карда шудаанд, ки он шабонгаҳ ба ҳусни шаҳр таровати дигар мебахшад.

Бояд гуфт, ки ба ифтихори ҷашни миллӣ ба дарозии умумии беш аз 3 километр роҳҳои асосии мошингарди шаҳр, чун  кӯчаҳои Мамадхӯҷа Олимов, Латифҷон Ҳасанов ва Сулҳ мумфарш карда шуда,  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аҳадҷон Шарифов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, ки соли 1954 таъсис ёфта, давоми 2 соли охир хонандагони мактаб дар бинои мактаби муттаҳидаи техникӣ идомаи таҳсил доштанд, таъмиру навсозӣ гаштааст.

Ҳамзамон баҳри бартараф намудани танқисӣ ва таъмин намудани сокинони як зумра маҳаллаҳо, аз ҷумла, кӯчаҳои ба номи С. Айнӣ, Бобокалонов, Ҷавонон, Ленин, Ниёзмуҳаммедов ва Камоли Хуҷандӣ бо оби тозаи нӯшокӣ бо дастирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мусоидати молиявии  Бонки аврупоӣ аз пойгоҳи обкашии “Пойменная” то шаҳри Конибодом ба масофаи 13 километр хати об кашида, дар пойгоҳи обкашии “Пойменная” 6 насоси обкашӣ насб ва ду ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши 500 м3 бунёд карда шудаанд.

Баробари ба истифода додани ин иншоот қариб 40 ҳазор нафар сокинони шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Ин ҳама чанде аз обокориҳоеанд, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳраку ҷамоатҳои шаҳр ва соҳибкорону сокинони шаҳр ба истиқболи ин ҷашни фархунда ба анҷом расидаанд.

Имрӯз ҳар як меҳмон ва сокини ин макони бостонӣ аз зебову дилрабо гаштани боз як гӯшаи мамлакатамон шоду сарбаланданд. Зеро шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавони Конибодом дар муддати начандон тӯлонӣ ба як шаҳри мафтункунандаи дилҳо табдил  гардидааст.

 

Июнь 26, 2018 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид