«Лоиқ аз шеър пайкараи миллатро бунёд кард»-бардошт аз конфронс
ДУШАНБЕ, 02.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши устод Лоиқ Шералӣ дар руши забони миллӣ»-таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ академик Носирҷон Салимӣ кушода, роҷеъ ба нақши Лоиқ Шералӣ дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол, саҳми ў дар хусуси ба меъёрҳои забони адабӣ мутобиқ намудани забони шеър, хизмати ин бузургмард барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ сухан кард.
Сипас, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён дар маърўзаи худ «Вижагиҳои забони ашъори Лоиқ» баёни андеша намуда, қайд кард, ки «шоир дар вожасозии хосаи худ ҳамто надорад, ки мо инро дар намунае аз хирвори ин навгониҳо, аз қабили арбада, арғушт, мушкистон, хушкистон, шохборон, шакарнам (борони сим-сими майда), полован (ширполо, яъне софӣ), кўрхат, ҷешил (регзамин, шахзамин), ҷамолак, лангарчӯб, пажвок, офтобгардон, рошидан, чакод, карошидан, карочидан (ғут-ғути мокиён), мурдаоби мурдадил, ёдмон (хотира), ғофилмарг, шўша бастан, шеърборон, шарористон, кӯрзавқ, заминпаймо, чойгаштак, парвозгаҳ, торон, хандарез мушоҳида ва дарк мекунем, ки ба забони адабии меъёри мо ворид гардидаанд».
Дар идома доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод ибрози назар карда, зикр намуд, ки чӣ қадаре аз замони зиндагонии Лоиқ дур мешавем, ҳамон қадар меҳри ў дар дили мо бештар маъво мегирад, зеро осори ў мисли оинаест, ки дар он як пораи таърихи мардуми мо бо рангҳои гуногун бозтоб ёфтааст. «Лоиқ аз шеър пайкараи миллатро бунёд кард, ки забон, ватан, ҳувият ва худшиносии миллӣ ҷузъҳои муҳимтарини онанд. Аз ин рў, метавон забон ва Ватанро ду рукни муҳимтарини миллатсоз дар осори ў ном бурд»,-афзуд ӯ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






