Маҳаллаи «Ҳосилот»-и Душанбе соҳиби майдони варзишӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди хонаи истиқоматии №206-и маҳаллаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони варзишӣ бунёд гардид. Дар маросими ба истифода додани он муовини Вазири нақлиёти мамлакат Шералӣ Ганҷалзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода иштирок намуданд.
Аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки майдони варзишӣ дар масоҳати умумии 2400 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои майдончаи умумии бозии кӯдакон, майдончаҳо барои бозии футболи хурд, баскетбол, волейбол, арғунчакҳо, таҷҳизоти гимнастикӣ, соябонҳо ва мизҳои шоҳмотбозӣ мебошад. Дар ҳудуди майдони варзишӣ дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуда, атрофи он бо гулу буттаҳо сабзкорӣ гардидааст. Ҳамзамон майдони варзишӣ бо обу равшанӣ ва камераҳои мушоҳидавӣ таъмин мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби Корхонаи фаръии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе бо арзиши 798,6 ҳазор сомонӣ таҳия гардида, сохтмонашро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мостоотряд» бо сифати баланд ба анҷом расонидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Вазорати нақлиёт ҳамчунин роҳи ба иншоот барандаи маҳаллаи Ҳосилотро дар масоҳати беш аз 1000 метри мураббаъ мумфарш намудааст.













Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






