Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе огоҳ менамояд: «Ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт дар як қисмати хиёбони Рӯдакӣ муваққатан қатъ карда шуд»

Июнь 28, 2018 09:50

ДУШАНБЕ, 28.06.2018  /АМИТ «Ховар»/. Аз соати 21:00-и  27 июни соли 2018  бинобар гузаронидани корҳои таъмиру  навсозии роҳи хиёбони Рӯдакӣ, ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт дар хиёбони  мазкур  аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саид Носир (назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) қатъ гардид.  

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат (хиёбони Рӯдакӣ бо баромад бо кӯчаҳои Л.Шералӣ, М.Турсунзода, Карамов ва У.Хайём бо хиёбони Рӯдакӣ, боқимонда бетағйир) ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ гардид.

 

Июнь 28, 2018 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд