Мақсад аз баргузории курси омӯзишии «Зан-роҳбар» дарёфти занони боистеъдод аст
ДУШАНБЕ, 06.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа курси омӯзишии «Зан-роҳбар» ҷараён дорад.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар курси мазкур намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд.
Ба иттилои манбаъ, курси мазкурро муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ва ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ифтитоҳ намуда, зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти занон дар мақомоти давлатӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, онҳоро дар амал татбиқ менамояд.
Зикр шуд, ки қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», инчунин интихоби роҳбар ё яке аз муовинони вазорату идораҳо аз ҳисоби занон маҳз аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки курси омӯзишии «Зан-роҳбар» то 9 июни соли равон идома меёбад.








Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






