Майдончаи варзишӣ-туҳфа ба сокинони кӯчаи Алишер Навоӣ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ

Июнь 8, 2018 10:41

ДУШАНБЕ, 08.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар кӯчаи Алишери Навоии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ба сокинони ин маҳалла туҳфа  намуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим, раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода ва фаъолони ин маҳалла иштирок намуданд. Қодири Қосим зикр кард, ки ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар қатори дигар вазорату идораҳо  бо мақсади ободонӣ ва зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ин иншооти барои солимгардонии насли наврас муҳимро мавриди истифода қарор дод.

Фармоишгари иншоот Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, лоиҳакаш КВД «Лоиҳакаш», пудратчӣ КВД «Ободонӣ»-и  шаҳри Душанбе буда, масоҳати умумии иншоот 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар майдонча барои наврасон шароити хуби машқу тамрин оид ба   баскетбол, футболи хурд ва бозии кӯдакон муҳайё карда шудааст.

Июнь 8, 2018 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд