Маркази миллии тестӣ омӯзгорон — тафтишгарони кори хаттӣ (эссе)-ро омода менамояд
ДУШАНБЕ, 19.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани омӯзгорон – тафтишгарони кори хаттӣ (эссе) дар 3 минтақаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд машварати омӯзишӣ доир мекунад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шумораи иштирокдорони машварат 200 нафар аст, ки мувофиқи нақша ба 20 гурӯҳ ҷудо карда шуда, ба ҳар як гурӯҳ роҳбар таъйин гаштааст. Ба ҷуз ин, аз ҷумлаи кормандони Марказ низ 6 нафар дар ин семинар иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, машварат аз 19 то 20 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои намояндагони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мактаби № 34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз 22 то 23 июн дар мактаби №5-и шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз 22 то 23 июн дар дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки ҳайати гурӯҳи корӣ барои баргузории машваратҳои омӯзишӣ барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон омода намудааст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






