Натиҷагирӣ аз баргузории интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40

Июнь 18, 2018 12:10

ДУШАНБЕ, 18.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Нуралӣ Риоев  дар интихоботи миёнадаврии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  17 июни соли равон дар ҳавзаи якмандатии  интихоботии Ванҷ №40 гузаронида шуд,  бо гирифтани 98,7% овозҳои интихобкунандагон  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ивази вакили хориҷшуда интихоб  гардид.

Дар иртибот ба ин дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/, ки имрӯз таҳти раёсати раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, натиҷаҳои баргузории интихоботи  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии  Ванҷ №40 баррасӣ шуд.

Зикр  гардид, ки интихоботи миёнадаврӣ дар  ҳавзаи мазкур дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таври шаффоф сурат гирифт. Аъзои КМИР  Нуралӣ Риоевро ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба қайд гирифта, ваколати вакилиашро тасдиқ намуданд.

Дар ҷаласаи КМИР ҳамзамон доир ба ташкили  Комиссияи санҷишӣ  оид ба муайян намудани сатҳи  донистани забони давлатӣ  аз ҷониби номзадҳо   ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои  интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Суғд №2  қарор қабул гардид.

Июнь 18, 2018 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад