«НЕСТ БОД МАВОДИ МУХАДДИР!» Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 июни соли 2018 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Шӯро аз ҳисоби роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ахборот оид ба вазъи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир, оид ба содиршавии ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва ҷой доштани истеъмоли маводи мухаддир дар байни наврасону ҷавонон шунида шуд.
Дар баробари ин, аз ҷониби аъзоёни Шӯро мубодилаи афкор ҷиҳати ташкил ва гузаронидани санҷишҳои интихобӣ тавассути тестҳои стандартӣ дар байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ҷиҳати ҷой надоштани истеъмоли маводи мухаддир сурат гирифт.
Дар хотимаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:
3 апрели соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор таъсис дода шуд, ки онро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим раисӣ менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






