Нимаи аввали моҳи август гурӯҳи нахустини зоирини тоҷик ба сафар мебарояд

Июнь 28, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи аввали моҳи августи соли равон аввалин гурӯҳи зоирини  Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим хабар дод. Ба гуфтаи мавсуф, ин гурӯҳ аз 180 нафар иборат мебошад.

Дар мавсими имсола аз Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор нафар зоирин маносики ҳаҷро ба ҷо меоранд.

«Аз ин теъдод 50% бо ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва 50%-и дигар тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ сафар мекунанд»,- афзуд Афшини Муқим.

Тавре қаблан хабар дода будем, даҳаи дуюми моҳи феврали соли равон дар шаҳри Душанбе Комиссияи шаҳрӣ  оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» таъсис ёфта буд.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими «Ҳаҷ-2018»-ро муайян намуд, ки он 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медиҳад.

Ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо (рафту омад), иқомат ва будубош дар Маккаи мукаррама, таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки гарм дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот дохил мешавад.

Пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, таъмини ҳоҷиён бо пизишкони баландихтисос дар мавсими ҳаҷ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ, таъмини ҳоҷиён бо 5 литр оби зам-зам аснои бозгашт ба Ватан ва ҷузвдон низ ба маблағи мазкур дохил мешавад.

Ёдовар мешавем, ки адои маносики  Ҳаҷ аз 25 то 30 рӯзро дар бар мегирад.

Июнь 28, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад